Мардони мусаллаҳ аҳдоферо дар нуқоти мухталифи Афғонистон ба шумули Кобул, пойтахт ва чандин вилоёти дигар мавриди ҳамла қарор додаанд.
Садои тирандозӣ ва чандин инфиҷор дар чандин нуқтаи маркази шаҳр шунида шуда ва ҳамчунин гузоришҳое аз вуқуъи ҳамла дар наздикии сохтмони порлумони Афғонистон мунташир шудааст.
Ҳамзамон бо ин ҳамалоте дар вилоёти Пактиё, Лугар ва Нангарҳор низ гузориш шудааст.
Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда гирифтааст.
Як сухангӯи Толибон гуфт, ки муҳоҷимони интиҳорӣ, пойгоҳи НОТУ ва жафотири хориҷиро дар Кобул ҳадаф қарор додаанд.
Хабарнигори Бибисӣ дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор мегӯяд, ки ду нафар аз муҳоҷимони интиҳорӣ аз суи нерӯҳои амниятӣ зинда боздошт шудаанд, аммо жу нафари дигар тавонистаанд ҷалиқаҳои инфиҷории худро мунфаҷир кунанд.
Ҳанӯз ҷузъиёте дар мавриди талафоти эҳтимолии ин ҳамалот дар даст нест.
Дар Кобул нерӯҳои амниятӣ чандин ҷодаи мунтаҳӣ ба минтақаи Вазир Акбархон ва ҳамчунин порлумону Афғонистон дар ғарби шаҳри Кобулро ба рӯйи рафту омад масдуд кардаанд ва садои тирандозӣ аз нуқоти мухталифи шаҳр ба гӯш мерасад.
Яке аз ҳамалот дар маҳаллаи Вазир Акбархон сурат гирифта, ҷое ки сафоратхонаҳо ва дафотири Созмони Милали Мутттаҳид ва НОТУ дар наздикии он мавқеъият дорад.
Як ҳутели тозасохт ба номи "Кобул истор" (Kabul Star) дар маркази ин ҳамалот қарор дошта ва хабарнигорон мегӯянд бахше аз сохтмони ин ҳутел оташ гирифтааст.
Як мақоми афғон ба хабаргузории "Руйтерз" гуфта, ки сохтмони порлумони Афғонистон ва ҳамчунин сафорати Русия дар наздикии порлумон низ ҳадафи ҳамалоти рокетӣ қарор гирифтааст.
Гузоришҳо мерасонад, ки ҳадди ақал шаш нафар аз муҳоҷимони мусаллаҳ дар наздикии сохтмони порлумони Афғонистон бо нерӯҳои амниятӣ даргир шудаанд.
Шуморе аз аъзои порлумони Афғонистон якҷо бо нерӯҳои амниятӣ силоҳ ба даст гирифта ва бо муҳоҷимон меҷанганд.
Гузоришҳо мерасонад, ки ҳадди ақал ду рокет ба ҳадафи сафорати Бритониё дар Кобул партоб шудааст.
Пулис мегӯяд дар вилояти Лугар шӯришиёни мусаллаҳ вориди як сохтмони дар Пули Алам, маркази ин виляот шуда ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шудаанд.
Ҳамчунин аз даргирии мусаллаҳона дар шаҳри Гардез, маркази вилояти Пактиё низ гузориш шудааст.
bbc