Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Адади расулон ва (наби) паёмбароне, ки дар Қуръон зикр гардидаанд, чандтоянд?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 370



Теги

Дӯстон






Ҷаримабандии 4 имомхатиб дар пойтахт



Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе эшони Абдулбасир (Саидов), муовини аввали раиси Маркази исломии Тоҷикистон ва сархатиби масҷиди Марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо бинобар риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба маблағи 480 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Як манбаи муътамади TojNews аз Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки бар замми эшони Абдулбасир, ҳамчунин, эшони Адашхон Иноятзода, муаззини масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва имомхатиби дигареро низ аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба маблағи 480 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Манбаъ афзуд, ки мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон, эшони Ҳамдулло (Раҳимов), сархатиби масҷиди Марказии ноҳияи Синои пойтахтро ҳам барои риоя накардани талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба маблағи 400 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Бинобар иттилои манбаъ, аз даҳаи сеюми моҳи шарифи Рамазон мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе назорати риояи талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро ҷоннок кардаанд.

- Ҳамаи ин имомхатибон асосан барои иштироки кӯдакон ва наврасони синнашон аз 18-сола поин ҷазо дода шудаанд,- гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Атоуллоҳ Қосимов, сухангӯи Маркази исломии Тоҷикистон ва Тоҷиддин Ризвонов, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин хабарро тасдиқ ва ё такзиб накардаанд.

Зимнан, пештар Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи исломии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, замоне, ки дар масҷиди Маркази ҲНИТ дар Душанбе имоматӣ мекард, барои риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ҷаримабандӣ шуда буд.

Гуфта мешуд, Зубайдуллои Розиқ барои дар толори Қароргоҳи марказии ҲНИТ намоз гузоштан ҷаримабандӣ шудааст.

Суди шаҳри Ваҳдат моҳи феврали соли ҷорӣ эшонҳои суннатии масҷиди "Муҳаммадия”-и деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат - Нуриддин, Маҳмудҷон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаҳоро баъди баҳси "таҷлил" аз рӯзи "Ошӯро" айбдор дониста, ҳар кадоми онҳо ба маблағи 350 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 914
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:27
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024