Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






Қазоват бо шумо...



#Чанд вақт пеш яке аз мусалмонони рӯс меҳмони банда буд. Баъд аз куллӣ суҳбат кардан дар мавриди масоили мухталиф, суҳбат аз вазъи мусалмонони Русия, чизҳоеро баён намуд, ки ман фикр кардам дар як кишвари мусалмон зиндагӣ мекунад ва аз ин, ки ман бо таъаҷҷуб ба суҳбатҳои ӯ гуш медодам, ҳайрон буд.

Суҳбат аз барпоии маросими исломӣ дар ин кишвари ғайримусалмон буд. Ӯ гуф; мо дар барпоии маросими исломӣ мушкили хосе надорем ва Худоро шукр баъзе вақтҳои дар барпоии ҳарчӣ беҳтари ин маросим давлат низ ҳамкорӣ мекунад.

Ман, ки интизори чунин суҳбатҳоеро надоштма, бо чашмоне аз ҳадқа берун омада ба дӯстам нигоҳ мекардам ва аз ӯ пурсидам, ки маросими иди Фитр ва Қурбон  низ доред? Ӯ, ки аз ин сухани ман таъаҷҷуб карда буд ва зоҳиран интизори чунин суолеро надошт, гуфт; Ид!!! Гуфтам; бале ид!. Гуфт; магар ҷое ҳаст, ки Аҳли суннат бошанд ва намози идро баргузор накунад? Гуфтам; бале ҳаст! Мисли ин, ки ҷо хурд ва дубора гуфт; ҳаст? Ман низ дубора гуфтам; бале ҳаст!. Гуфт; Куҷо? Гуфтам; Теҳрон. Гуфт; Теҳрон!!!? Ҷавоб додам бале! Теҳрон.

Ӯ, ки иттилоъоти нисбатан хубе аз Ирон дошт, гуфт; Теҳрон, ки пойтахти як кишвари мусалмон ва мақари ҳукумати исломӣ аст, магар мешавад намози ид дар он баргузор нашавад? Гуфтам; намози ид баргузор мешавад, аммо мо Аҳли суннат, ки теъдодамон дар Теҳрон ба як миллион баробар аст, ҳақ надорем, ки намози ид ва ё намози Ҷумъаро баргузор кунем! Ҳатто иҷоза надорем масҷид дошта бошем ва монанди даврони аввали Ислом бояд махфиёна ҷамъ шавем ва намози ҷамоат бихонем.

Дӯсти мо, ки таъаҷҷубаш дучанд шуда буд, пурсид; магар ин ҳамон Ирон нест, ки дам аз ваҳдати мусалмонон мезанад ва мегӯяд, ки шиа ва суннӣ бародаранд ва мо дар кишварамон ҳеҷ мушкиле байни ақалиятҳои мазҳабӣ надорем?!

Бале гуфам; ин ҳамон Иронест, ки  чунин даъвоҳое дорад, вале дар ҳақиқат ин даъвоҳо фақат як дуруғи бузург аст, ки бо он сари мардуми дигар кишварҳоро шира молида ва худро кишваре, ки ба дунболи масолеҳи мусалмонони ҷаҳон аст, муаррифӣ намояд.

Баъзе аз мушкилоти Аҳли суннати Ирон

Ба ӯ гуфтам, ки Аҳли суннат дар сурате метавонанд маросими диниихудро ба хубӣ баргузор кунанд, ки бо барномаҳои ин оқоён ҳамхонӣ дошта бошанд. То кунун ва баъд аз гузашти беш аз се даҳа аз инқилоб, чандин олиму даъватгари Аҳли суннат кушта ва ё зиндонӣ шудаанд ва ба ҳадди миёна ҳар рӯз як шахс аз Аҳли суннат тати фишор буда ва беш аз панҷ масҷиди онҳоро мусодира карда ва иҷоза надоранд намози Ҷумъа ва ҷамоат баргузор кунанд.

Изофа бар ин, баъзе аз мадориси Аҳли суннатро тахриб ва ё бо тағйири кормандони онҳо саъй бар тасаллути ҳарчӣ бештар бар ин мадорис доранд ва ғайра ва ҳазор мушкили дигар.

Барои мисол чанд сол пеш тавассути аҳли хайри маҳале, мадрасае барои Аҳли суннат дар яке аз манотиқи курднишин сохта шуд.  Аммо вақте, ки замони шуруъи фаъолияти ин мадраса фаро  расид, ба масъулини мадраса дастур дода шуд, ки мудири мадраса бояд аз аҳли ташаюъ бошад. Масъулини марбута низ зери бори ин зиллат ва хорӣ нарафта ва баъз тамоми номагузорӣ ва коғазбозӣ мутаассифона ин сохтмоне, ки барои таълим сохта шуда буд, табдил ба майдони сабза ва мевафурушӣ шуд.

Ин воқеаҳоро вақте баён мекардам, барқ аз чашмони дӯсти рӯсиам парид. Ӯ дар хоб ҳам намедид, ки вазъияти Аҳли суннати Ирон инчунин асафбор бошад.

Дӯсти рӯсии мо вақте, ки аз вазъияти Аҳли суннати Ирон бохабар шуд, бо эътимод ба нафси комил гуфт, ки ботаваҷҷуҳ ба суханони шумо кишвари мо аз кишвари шумо шабаҳи як кишвари мусалмон аст ва ман низ бо ишораи сар ҳарфи ӯро таъйид кардам.

Ин дӯсти мо дар охири нишастамон чанда акс ба ман нишон дод, ки маросими иди Фитри мусалмонони Маскав, пойтахти Русияро нишон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ беш аз 500 ҳазор нафар дар ин маросими бошукуҳ  ширкат доштанд.

Ман вақте ин аксҳоро нигоҳ мекардам, бо худ мегуфтам, ки фардои қиёмат мақомоти Ирон чӣ посухе барои ин кори худ (манъи Аҳли суннат аз хондани намози Ҷумъа ва иди Фитру Қурбон) хоҳанд дошт?

Ин ҳамон аксҳост;


Ҳоло худ қазоват кунед, ки оё кишвари Ирон метавонад даъвои ваҳдат байни мусалмонон карда ва худро улгӯи кишварҳои мусалмон ва ҳомии мустазъафин муаррифӣ кунанд????!!!!

Нависанда: Аҳмад Вазирӣ -Теҳрон

Суннӣ нюз


Маълумот
Шӯъба: Сомона
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 549
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:12
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024