Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 514



Теги

Дӯстон






Баҳори Набавӣ қабл аз баҳори Арабӣ



http://t3.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcQQCULxj0FWRFjV5oA2IU1BoiBrKh5uuIkMXMAtCn-Yz8OoPNHW
Паёмбари мо (с) бо баҳори дилҳо (Қуръони Карим) мабъус шуд. Эшон ҳамеша дуо мекарданд ва мефармуданд: «Бори Худоё! Қуръонро баҳори дилҳои мо қарор бидеҳ».

Қуръони Карим баҳори ҳақиқист, зеро баҳори дилҳост ва тирагиҳову кудурат ва андуҳу сиёҳии дилҳоро мезидояд ва дилҳоро моломол аз имон, оромишу сукун ва ризоят медиҳад ва дар синаҳо тухми умед, мужда, хушбахтӣ ва шодобиро мепошад ва дар ақлҳо кохҳои бузург ва иззату кароматро бино мекунад.

Ҳамин баҳори Набавӣ буд, ки яхи куфру ширкро об кард ва зимистони сард ва хушки ҷоҳилиятро ба баҳори сарсабз ва хурами имону ислом табдил намуд. Ҳамин баҳори Набавӣ буд, ки Қайсару Кисроро аз арки подшоҳӣ ба зер кашид ва бутҳои ҷоҳилиятро дарҳам кӯбид ва даврони зулму истибдодро ба поён расонид, зери сояи абрҳои баҳори Набавӣ мусалмонон қарнҳо зиндагӣ карданд ва раҳмату адолат ва хушбахтиро барои ҷаҳониён ба армуғон оварданд.

Баҳори Набавӣ махсуси минтақаи хосе нест ва муборизаи он танҳо бо як ҳукумати истибододгар нест, балки барои мубориза бо тамоми истибдодгорон ва дудманишон ва нобудии онҳо талош мекунад.

Баҳори Қуръон шакку шубуҳот ва хоҳишоти нафсониро аз ҷонҳо мезидояд ва ба ҷояш шамъҳои умед, имон, яқин ва бовари саҳеҳро мекорад.

Дар баҳори Набавӣ нишонаҳои инқилоб ва хезишҳои густарда алайҳи бутҳо ва алайҳи мазоҳири ширку куфр ва тамоми палидиҳо дида мешавад ва ҳар сохтору андешае, ки бар ин баҳори Набавӣ устувор набошад, маҳкум ба шикаст ва фурупошӣ хоҳад буд ҳар ҳаракати ислоҳӣ, ки ба асоси баҳори Набавӣ поярезӣ нашуда бошад, фарҷомаш нобӯдӣ ва ҳалокат хоҳад буд;

«فَأَتَى اللّهُ بُنْيَانَهُم مِّنَ الْقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيْهِمُ السَّقْفُ مِن فَوْقِهِم»

Баҳори Набавӣ бузургтарин руйдоди таърих аст, ки сарнавишти миллатҳоро гуногун сохт ва гардиши таърихро тағйир дод. Ҳамин баҳори Набавӣ буд, ки донишмандон, удабо, файласуфон, шуаро ва атибо ва ғайраро, ки рамзи ҳаракат ва наҳзату равшангарӣ дар таърихи Ислом буданд, тақдим кард ва ҳар ислоҳгар ва муҷаддиде, ки по ба майдон гузошт ва тавонист ҷойгоҳ ва мақбулияте ба даст овард, марҳуни эҳсоноти ҳамин баҳори Набавӣ аст.

Хулафои Рошидин, парчамдорони ислоҳ ва таҷдид, монанди имомони чаҳоргона (Абӯҳанифа, Молик, Шофеъӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал), имом Ғазолӣ, Ибни Таймия, футуҳоти Холид инби Валид, шуҷоати Мусо ибни Нумайр ва Қутайба ибни Муслим, қиёдати Қаъқоъ ибни Амр, ғайрати Салоҳуддин ва ҳиммати Муҳаммади Фотеҳ, ҳама ва ҳама натиҷаи баҳори Набавӣ ва дастпарвардаи мактаби он ҳастанд ва ҳар касе ё гуруҳе, ки мавриди танаффур ва инзиҷор қарор гирифтааст, натиҷааш мухолифати он бо баҳори Набавӣ будааст. Ботиниёни мулҳид, Зиндиқҳо ва дигар гуруҳҳои каҷфаҳм, ки дар масири баҳори Набавӣ қарор гирифтанд ва хостанд баҳори онро ба хазон табдил диҳанд, фарҷоме ғайр аз нокомӣ, расвоӣ ва сиёҳӣ насиби онҳо нашуд ва уммат аз онҳо эълони инзиҷор ва безорӣ кард ва таърих онҳоро ба дур андохт ва замин аз онҳо ба танг омад ва дар листи манфурин ва малъунин қарор гирифтанд;

«ألا بعدا لمدین کما بعدت ثمود»

Баҳори Арабӣ, ки имрӯз мо шоҳиди онем, натиҷаи ҳамон баҳори Набавист. Ба ҳамин хотир миллатҳо бо оғӯши боз аз он истиқбол карданд ва Исломро, пас аз он, ки қавонини сохтаи дасти башарро таҷриба карданд ба унвони сохтори зиндагӣ ва қонуни асосӣ пазируфтанд.

Ва чӣ қадар фарқ аст байни қонуни Парвардигори олам ва қонуне, ки сохтаи дасти мушти хок аст!

Ва чӣ қадар тафовут аст, байни шариати Илоҳӣ ва шариате, ки таровидаи фикри бандааст, ки аслаш аз обе палид аст;

«كتَابٌ أُنزِلَ إِلَيْكَ فَلاَ يَكُن فِي صَدْرِكَ حَرَجٌ مِّنْهُ لِتُنذِرَ بِهِ وَذِكْرَى لِلْمُؤْمِنِينَ»

Дуктур Ойиз Қаранӣ


Маълумот
Шӯъба: Сомона
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 564
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 02:13
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024