Китоб: Иди навруз аз нигоҳи дини мубини Ислом
Дар мазҳаби ҳанафӣ Муқаддас донистани иди Наврӯз - куфр аст
Баҳси ҳуввияти Наврӯз дар Тоҷикистон
Дорои
аҳамияти бузург будани ин мавзӯъ аз он маълум мегардад, ки ҳатто дар
китобҳои фиқҳи уламо боберо ба номи «Риддат» зикр кардаанд ва дар он
лафзҳоеро баён намудаанд, ки бо гуфтани он шахси муслим муртад шуда аз
дин хориҷ мегардад ва хуну моли ӯ мубоҳ мегардад, агарчи калимаи
тайибаро ба забон ронад, намоз хонад, закот диҳад ва рӯзаву ҳаҷро анҷом
диҳад.
Дар
зери ин мавзӯъ ибораҳои аҳли илм ва каломи уламои мазҳаби ҳанафиро, ки
дар ин бора ворид шудааст, зикр мекунам, то ба ин мавзӯъ равшанӣ
андохта шавад ва ҳақиқат зоҳир шавад.
Шакке
нест, ки олимони мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба дигар мазоҳиб ба ин боб
бештар аҳамият додаанд, бинобар он, ки аҳамият ба ин мавзӯъ риоят
намудани ҷониби бузурге аз Қуръону ҳадис мебошад.
Ибни Наҷими Ҳанафӣ дар китоби «Баҳр-ур-роиқ» мегӯяд:
Иртикоби амалҳо ва суханҳои зерин куфр аст:
- Буғзу адоват доштан нисбат ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
- Инкор кардани ҳадиси мутавотир.
- Ҳалол шуморидани амале, ки шариат ҳаром намудааст.
- Қасдан тарк кардани намоз.
- Ба забон рондани калимаи куфр агарчи ба ҳазлу шӯхӣ бошад.
- Қуръонро махлуқ шуморидан.
- Ҳазлу мазоҳ бо оятҳои Қуръон.
- Даъвои илми ғайб.
- Рафтан ба сӯи фолбину бахшӣ ва тасдиқ кардани гуфтаҳояш.
- Ҳалол шуморидани алоқа бо зан ба ҳангоми ҳайз.
- Ид гирифтани идҳои мушрикон.
- Муқаддас донистани иди Наврӯз, ки аз иди маҷусиён аст.
- Беҳтар шуморидани кофирон.
- Хондани Қуръон бо мусиқӣ.
- Тамасхур (масхара кардан) ба илми динӣ.
- Тамасхур ба амри маъруф ва наҳйи мункар.
- Тамасхур ба зикру дуоҳо ва гуфтани он ҳангоми ҳаромкорӣ ва ё ҳаромхурӣ.
- Тамасхур ба азон.
- Тамасхур ба суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
- Гуфтани: "Агар сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рост бошад..."
- "Агар ин корҳо фарз намебуд, беҳтар буд..."
- "Фармудаҳои Ислом барои азоб додани мост..."
- "Арвоҳи пирон ҳозир аст, медонад ва мадад мекунад..."
- "Нақдро ба хотири насия тарк намекунам..." (Яъне «насия» гуфтани охират).
- "Агар худо инсоф кунад..."
- "Худо ба дурӯғҳоят (ва ё дигар корҳои ҳаром) барака диҳад..." Ва ғайраҳо.
Инчунин Маръо ибни Юсуф низ дар китоби «Ғоят-ул-мунтаҳо» якчанд амалҳои куфрро баён мекунад:
- Ширк ба худо.
- Даъвои Паёмбарӣ ва тасдиқи иддиокунанда.
- Ҳақорати худову Паёмбарон ва ё фариштагон.
- Инкори сифате аз сифоти худо.
- Инкори ризқи худо ва ё ризқро аз дигаре донистан.
- Инкори китобе аз китобҳои осмонӣ ва ё инкори фариштае ва ё Паёмбаре.
- Инкори амали фарзӣ.
- Ҳалол шуморидани ҳаром, ба мисли зино, гӯшти хук, арақ, нашъа ва ғайра аз ҳаромҳо.
- Саҷда ва таъзим ба бут ва ё ҳайкалҳо.
- Таъзим ва рукӯъ дар назди ҳокимон ба қасди ибодат, вале ба қасди тамаллуқ кабира аст.
- Восита гирифтан касеро байни худаш ва худо ва дуо кардану пурсидани он.
- Истеҳзо ба дин бо қавл ва ё амал.
- Беэҳтиромӣ нисбат ба Қуръон.
- Гуфтан, ки Қуръон ихтилоф дорад.
Суханони
уламои қадими мазҳаби ҳанафӣ ва дигар мазоҳиби аҳли суннат ин ҳақро
равшан месозад, ки шахси мусалмон бо вуҷуди он, ки ба аркони Ислом амал
мекунад, бо иртикоби амалҳои мазкур кофир мегардад.
Инчунин Мулло Алӣ Қории Ҳанафӣ аъмол ва ақволи куфрро дар китоби «Шарҳи фиқҳи акбар» ба тафсил баён кардааст.