Ожонси
мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон хостори ҷилавгирӣ аз густариши
ба истилоҳ "маводди мухаддири аудиюӣ” ё садоӣ шудааст.
Ин
навъи мусиқии вижа, ки гуфта мешавад гӯш додан ба онҳо эҳсоси истеъмоли
намудҳои мухталифи маводди мухаддирро медиҳад, аз тариқи сойтҳои
интернетӣ ба муштариён аввал ройгон ва сипас дар ивази пул тавзеъ
мешавад.
Ба хотири ҳамин, ин мусиқиро маводди мухаддири электрунӣ ва ё мусиқии нашъадор меноманд.
Бархе аз кишварҳои дигар, назири Русия вуҷуди чунин сойтҳоро мубаллиғи маводди мухаддир унвон кардаанд.
Женрол
Рустам Назаров, раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон,
рӯзи ҷумъаи 20 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба гурӯҳи таҳлилии ин ниҳод
дастур додааст, ки ин мавзӯъро ба баррасӣ бигиранд.
Вай
афзуд, ки "дар ҳар сурат бояд пеши роҳи чунин таблиғот ва сойтҳо
гирифта шавад. То чанд рӯзи дигар коршиносони мо дар ин замина
пешниҳодҳое омода хоҳанд сохт”.
Женрол
Назаров афзуд, ки "дар гузашта ба фикри касе намеомад, ки ҳеруин
метавонад ба як мушкили ҷиддие дар Тоҷикистон табдил шавад, ки шуд. Ба
ин далел, бояд аз чунин падидаҳо дар нахустин марҳилаи густаришашон
ҷилавгирӣ шавад.”
Пурсишҳои мо миёни бархе
аз ҷавонони тоҷик собит сохт, ки иддае аз онҳо бо чунин сойтҳо ошноӣ
дошта ва оҳангҳои "мухаддир” гӯш медиҳанд. Ин ҷавонон аз ифшои ном худ
худдорӣ карданд, вале гуфтанд, ки шунидани ин оҳангҳо "лаззати хосе
дорад”.
Дар шабакаи ҷаҳонии интернет даҳҳо
сойтҳое, ки ҳамчунин мусиқиро барои муштариёни интернет ройгон ва
пулакӣ пешниҳод мекунанд, вуҷуд дорад.
Яке
аз ин сойтҳо шарҳ додааст: "амвоҷи вижаи бинауралӣ ё дугӯшӣ ба мағзи
инсон таъсир мекунад ва муштарӣ метавонад эҳсоси истифода аз анвоъи
мухталифи маводди мухаддирро таҷруба кунад.”
Гуфта
мешавад, амвоҷи бинауралӣ метавонанд, эҳсоси сархушӣ аз алкогул,
кокаин, ҳеруин, ҳашиш, хашхош, ишқор ва ЛСД-ро ба вуҷуд оварад.
Аз
сӯйи дигар, дар ин сомонаҳо гуфта шудааст, ки шунидани ин оҳангҳо барои
оромиши системи асаб, ҳалли масоили иртиботи ҷинсӣ ва худдорӣ аз
сигоркашӣ мусоъидат мекунад.
Ба гуфтаи
бархе аз ҷавонон, ки бо чунин сойтҳо ошноӣ доранд, нахуст чанд оҳанге
ройгон дар ихтиёри алдоқамандон қарор дода мешавад, вале оҳангҳои
ҷадидро бояд харидорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол,
Ботур Залимов, равоншиноси маркази мубориза бо эътиёд мегӯяд, ки
истифодаи оҳангҳо барои таъсир ба мағзи инсон таҷрубаи беш аз садсолаҳо
дорад.
Вале ба эътиқоди оқои Залимов, "Ман
нашунидаам, вале бовар кардан ба ин ки чизе ё мусиқие метавонад осори
бархе аз маводди мухаддирро ба инсон даст бидиҳад, душвор аст.”
Дар
ҳар сурат вай муътақид аст ки дастрасӣ ба чунин сойтҳо бояд масдуд
шавад, зеро дар онҳо таблиғи маводди мухаддир мушоҳида мешавад.
Вай
ҳамчунин гуфт, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки фаъолияти ин сойтҳо аз
сӯйи гурӯҳҳои мофиёӣ барои таблиғи маводди мухаддир сармоягузорӣ
мешаванд.
Зеро, дар ниҳоят ҷавонон пас аз шунидани чунин оҳангҳое метавонанд ба дарёфти маводди мухаддири воқеъӣ рӯй оваранд.
Ин
дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 9,5 ҳазор муътод
сабти ном шудааст. Коршиносон теъдоди воқеъии ин афродро бамаротиб
бештар арзёбӣ мекунанд.
Аз сӯйи дигар,
ҳамҷаворӣ бо Афғонистон Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои аслии
тиронзити маводди мухаддир аз ин кишвар ба Русия ва сипас ба кишварҳои
урупоӣ табдил додааст.
bbc