ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 573



Теги

Дӯстон






Эътирози Ҳизби наҳзати исломӣ ба Кумитаи амнияти миллӣ



http://wscdn.bbc.co.uk/worldservice/assets/images/2012/02/10/120210124052_tj_irpt_304.jpg

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тавассути интишори гузоришҳои носаҳеҳ қасди беобрӯ ва бенуфуз кардани ин Ҳизбро дорад.

Ин ҳизб рӯзи 10-уми феврал бо интишори баёнияе аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хостааст, ки ин кумита хабари ахири худ мабнӣ бар узви ҳизби наҳзати исломӣ будани Собир Ардаевро рад кунад.

Бино ба гуфтаи масъулони ин ҳизб, Собир Ардаев, мулаққаб ба Собири Ванҷӣ, ки ба гуфтаи мақомҳои амниятӣ, раҳбарии гурӯҳи ҷиноии қочоқчиёнро бар ӯҳда доштааст, ҳеҷ гоҳ узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро надоштааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви аршади ин ҳизб, дар ин бора ба Би-Би-сӣ гуфт: "Ин аввалин бор нест, ки мақомототи давлатӣ дар бораи ба ҳизби мо таъаллуқ доштани ин ё он боздоштшударо гузориш медиҳанд. Дар ҳоле ки онҳо зуви ҳизби мо нестанд."

Оқои Сайфуллозода муътақид аст, ки танҳо ғараз аз ин корҳо "беобрӯ кардан ва пойин бурдани" эътибори ҳизби наҳзати исломӣ дар миёни сокинони кишвар аст.

Вай меафзояд, ки вақте "ин гуна иштибоҳҳо" ба таври систематик анҷом мешавад, пас ҳатман ин кор қасдан анҷом мешавад.

Дар номаи масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки муҳиммтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон аст, омада, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бояд дар мавриди гузориши ахири худ дар бораи боздошти Собир Ардаев раддия интишор бидиҳад.

Рӯзи панҷшанбеи 9-уми феврал телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон бо истинод ба маркази матбуъотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи ифшои фаъъолияти гурӯҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддир гузориш дод.

Дар ин гузориш таъкид шуда буд, ки Собир Ардаев, яке аз аъзои ин гурӯҳ, узви фаъъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст - чизе ки масъулони ҳизб рад мекунанд.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид карданд, ки мақомоти интизомӣ ва амниятӣ ба ҳангоми интишори хабар дар бораи боздошти муттаҳам ё ҷинояткоре, ки узви ҳизби ҳоким будааст, аз ифшо кардани узвияти ӯ ба ин ҳизб худдорӣ меварзанд.

Дар баёнияи ин ҳизб мехонем: "Аммо дар мавриди қонуншиканиву ҷиноятҳои аъзои ҲХДТ, ки ба ҳама гуна ҷиноят даст мезананд, мақомот ҳизбияти онҳоро ошкор намесозанд ва мӯҳри хамушӣ бар лаб мезананд."

Оқои Сайфуллозода дар ин бора мегӯяд: "Масалан, Фаттоҳ Саидов ахиран дар бораи ифшои гурӯҳе ҷинояткор дар миёни мақомот хабар дод, пас чаро дар бораи узвияти онҳо ба ҳизбе чизе нагуфт?"

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар поёни номаи худ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ёдовар шудаанд, ки онҳо қаблан борҳо дар бораи "тӯҳматҳои беасос ва бархӯрдҳои ноҷои ниҳодҳои зирабт" ба ӯ шикоятҳо ирсол карда, вале посухе дарёфт накардаанд.

bbc


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 608
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:49
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2025