Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 393



Теги

Дӯстон






Марги ҳашт сарбози омрикоӣ дар Афғонистон



Сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон мутаҳаммили талафоти сангинтаре мешаванд

Нерӯҳои таҳти фармондеҳии НОТУ мегӯянд ҳашт сарбози омрикоӣ дар як бумбгузорӣ дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд.

Дар ин ҳамла бо бумбҳои дастсоз, ки НОТУ онҳоро "пешрафта" тавсиф кард, ҳамчунин як ғайринизомии афғон кушта шуд.

Бо ин талафоти тоза моҳи октябр ба маргбортарин моҳ барои нерӯҳои омрикоӣ дар ҷанги ҳаштсола дар Афғонистон бадал мешавад.

Рӯзи душанбе 14 омрикоӣ, аз ҷумла 11 сарбози ин кишвар дар суқути чанд чархбол дар Афғонистон ҷони худро аз даст дода буданд. Пентагон, вазорати дифоъи Омрико, мегӯяд, ки дар маҷмуъ 55 низомии омрикоӣ дар моҳи октябр дар Афғонистон кушта шудаанд.

Сухангӯҳои низомӣ гуфтанд, ки дар яке аз ҳамлоти сешанбе чанд василаи нақлияи гаштӣ дар бахши нопойдори ҷанубии Афғонистон ҳадаф қарор гирифтанд, ки тайи он ҳафт сарбоз ва як ғайринизомӣ кушта шуданд. Як сарбози дигар дар як бумбгузории ҷудогона кушта шуд.

Аммо ҳанӯз ҷузъиёти бештаре аз ин ҳамалот мунташир нашудааст, то ибтидо хонаводаҳои қурбониён муталеъ шаванд.

Рӯзи сешнабе ҳамчунин аҷсоди се хадамаи низомии Омрико аз як ҳавопаймои ҷосусӣ, ки рӯзи 13 октябр дар вилояти Нуристон дар ноҳияи кӯҳистонии шимол-шарқи Афғонистон нопадид шуда буд, аз маҳалли суқут хориҷ шуд.

НОТУ гуфт, ки он ҳодиса ҳамчунон мавзӯъи таҳқиқ аст, аммо тасаввур намешавад, ки суқути ҳавопаймо ношӣ аз оташи нерӯҳои хусуматкунанда буда бошад.

Рӯзномаи "Вашингтон пост" рӯзи сешанбе гузориш дод, ки як диплумоти аршади омрикоӣ дар Афғонистон истеъфо додааст, зеро мегӯяд, ки ӯ дигар "аҳдофи истротежики ҳузури Омрико дар Афғонистонро дарк намекунад ва ба онҳо эътимод надорад."

Метию Ҳу, ки дар Зобул мустақар буд, гуфт, ки шӯришгарӣ дар баъзе аз нуқоти Афғонистон пас аз вуруди сарбозони омрикоӣ шурӯъ шудааст.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ҳамакнун дар ҳоли мурури истротежии кишвараш дар Афғонистон аст.

Ӯ барои тақвияти нерӯҳо дар Афғонистон ба андозаи даҳҳо ҳазор сарбоз таҳти фишор аст, аммо хабарнигори Би-би-сӣ дар Афғонистон мегӯяд, ки бисёре аз омрикоиҳо бо таваҷҷуҳ ба ҳаводиси маргбори моҳи октябр эҳтимолан бо чунин тасмиме мухолифат хоҳанд кард.

bbc


Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 576
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:21
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024