Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 393



Теги

Дӯстон






Муҳоҷир дар партави ҳиҷрат!



http://2.bp.blogspot.com/_azSJKmOYRko/TSUi4fMIqyI/AAAAAAAAAKE/bnGCSi7r7x8/s320/Hijrah+of+Prophet+Muhammad.jpg

Ҳиҷрат дар сирати Паёмбар (с) худ ба танҳои мактабесту мадраса..

Мактабе, ки дар зери сақфи он мӯмин дарсҳову ибратҳо ва пандҳову андарзҳо меомӯзад.

Ҳиҷрат мадрасаи инсонсозест..

Мадрасаест, ки қудрати тоғутиёнро ба боди масхара гирифта, бозувони мӯминеро, ки дунёи пурзарқу барқ дар баробараш тангае арзиш надорад, ба намоиш мегузорад..

Дар мадрасаи ҳиҷрат, мӯмин асту вусъати беинтиҳои сарзамини Парвардигор.. мӯмине, ки бодаи имон саркашидаи ошиқу шайдои наъраи озодӣ дар баробари Фиръавни мустабиде, ки мастона ва мағрурона аз бодаи қудрат ҷори Худоӣ мазанад, сар медиҳад ва камари худоии ӯро ба замини фалокат мезанад ва фарёд мебарорад,

" أشهد أن لا إله إلا الله و أشهد أن محمدا رسول الله...".

"... إِنِّي مُهَاجِرٌ إِلَىٰ رَبِّي ۖ إِنَّهُ هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ " ﴿العنکبوت/٢٦﴾

"Ман ба сӯи Парвардигорам ҳиҷрат мекунам, (ва дар роҳи ризои ӯ гом мебардорам), чаро ки ӯ муқтадир (аст ва маро аз дасти душманонам мераҳонад ва ба орзӯям мерасонад, ва) ҳаким аст (ва ба ман ҷуз кореро фармон намедиҳад, ки дар он хайру салоҳ бошад).

Чун Паёмбари Худо (с) муҳоҷирони бозгашта аз Ҳабашаро, ки солиёни дароз дар сарзамини ғурбат бо нодориҳо ва ранҷҳову сахтиҳо, сухта буданд ва сохта, дар муқобили бархе аз ёрони худ дид, ки ҷиҳоду кифоҳ ва ранҷу ҳамроҳияшон бо Расули ҳидоятро ба рухи муҳоҷир мекашиданд, ба муҳоҷирин гуфт, ки шуморо аҷру подоши ду ҳиҷрат аст!..

Ҳиҷрат ба Ҳабаша ва ҳиҷрат ба сӯи Расули Худо (с)!

Ин муждаи пайки осмон барои онон аз ҳар он чӣ бар гетист, беш арзиш дошт!

Оре!...

Муҳоҷир бо ҳиҷраташ аз ҳама чизи худ мегузарад, аз хона ва кошона, хешу табор ва аз сарзамину ватан ва зодгоҳ..

Ҳама чиз, дору надор, орзӯҳо ва равзанаи умед ба ояндаи дурахшон, хешу дарвеш ва хулоса ҳамаи дунё ва зару зевари онро зери по ниҳода, шитобон ба сӯи ризояти ҳақ қадам бармениҳад!..

Албатта ҳар, ки бомаш беш, барфаш бештар ва ҳар, ки арзишу маконат ва ҷойгоҳаш баландтар, бори масъулияташ бештар!..

Дар гӯша ва канори ҷаҳон, бисёре аз муваҳҳидони сарзамини форсро мушоҳид мекунем, ки барои ҳизфи ҷону динашон, аз кишварҳояшон пинҳон шудаанд!

Он чӣ қалбро хунин, ҷигарро пора пора мекунад инаст, ки бархе аз дӯстон зери чархи зиндагии бераҳм, худро ба кулли гум карда, масъулият ва шахсияту ҳувияташонро зинда ба гур кардаанд!.

Ин азизоне, ки ба бозор хазида, машғули кору косиби шуданд, ва ё корманди идора ва масъули ширкату шогирде дар мактаби дарсу мадраса ва ё ҳатто ба гунае дар масири даъват дар ҳаракатанд, чӣ басо ҳадафу мақсуди аслии ҳиҷраташон аз ёдашон меравад!.

Дар мактаби Ислом, ҳиҷрат фирор аз майдони амалу кӯшиш ва маъракаи зиндагӣ нест!..

Ҳиҷрат барномаест барои бозсозӣ ва молидани чеҳраи мустабид ба хоки ҳалокату хорӣ!.

 Муҳоҷирони аввалин бино ба дастури пайки ҳақ (с) ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд, то ҷони худро барои истимрори даъвати исломӣ ҳифз кунанд, ки агар Қурайшиён мусалмононро қатли ом кунанд, Исломро пойгоҳи дигар барои ҳаракат бошад ва вазифа доштанд дар Ҳабаша бо даъвати мардум, чунин муҳаррик ва пойгоҳи эҳтиётӣ ташкил диҳанд ва албатта онҳо бо зеракӣ ва заковати мӯмин тавонистанд подшоҳи Ҳабашро ба сафи мӯминон шарафёб созанд.

Ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина барои бозгашти фотеҳона ба Макка буд, на фирор аз он!..

Ҳамаи бародарон ва хоҳароне, ки сарзамин ва зодгоҳашонро раҳо карда  ба хориҷ аз кишвар рафтаанд, бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки бо ёдоварӣ ба худ, нияту ҳадафи ҳиҷратро рӯзона дар хотираи худ тоза кунанд, ки мадору меҳвар ва арзиши ҳар коре баста ба ният аст: «إنما الأعمال بالنیات».

Дар нуқтаи дуввум, бояд фарди муҳоҷир рӯзона аз худ бипурсад: ман барои расондани содои расои тавҳид ба миллату майҳани хеш чӣ кардаам?!

Муҳоҷире, ки ҳадаф аз ҳиҷраташ дар гиру дор ва дар байни сару садоҳои ҳавлноки зиндагӣ зоеъ мешавад, аз мақоми волои муҳоҷират ба зер кашида шуда, ба фарде табдил мегардад, ки танҳо дар паи зиндагии дунёст ва аз ҳамаи шарофату маконати ҳиҷрат орӣ.

"وَمَن يُهَاجِرْ فِي سَبِيلِ اللَّـهِ يَجِدْ فِي الْأَرْضِ مُرَاغَمًا كَثِيرًا وَسَعَةً ۚ وَمَن يَخْرُجْ مِن بَيْتِهِ مُهَاجِرًا إِلَى اللَّـهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ يُدْرِكْهُ الْمَوْتُ فَقَدْ وَقَعَ أَجْرُهُ عَلَى اللَّـهِ ۗ وَكَانَ اللَّـهُ غَفُورًا رَّحِيمًا" ﴿النساء/ ١٠٠﴾

"Касе, ки дар роҳи Худо ҳиҷрат кунад, сарзаминҳои фароху озодии фаровон мебинад, ки бинии душманонро ба хоки зиллат мемолад ва  гушоишу осоиш хоҳад ёфт ва ҳар, ки аз хонаи худ берӯн ояд ва ба сӯи (сарзаминҳои Исломӣ) Худо  ва Расулаш ҳиҷрат кунад ва сипас марг ӯро дарёбад, аҷри ӯ ба ӯҳдаи Худост ва Худованд бисёр омӯрзанда ва меҳрубон аст".

Бале!..

Ҳиҷрат шарафест, бас бузург, ки танҳо бо зинда будани ҳадаф ва марому масъулияти он дар колбади шахс, маъно ва мафҳум пайдо мекунад. Дар партави дурахшиш ва лазаташ, зиндагии муҳоҷирро ҷамолу ҷалол ва фахру эъзози хосе мебахшад.

Дар фуқдони ин маъно, муҳоҷирату дард ва ранҷу дӯрӣ, тарсу ваҳшат аз фақру нодорӣ ва ояндаи парешон, вайронии ақл ва ғаму андуҳи ояндаи фарзандон ва хонавода ва кобуси рӯзҳои беморӣ ва пирию фарсудагӣ ва бекасӣ дар сарзамини ғурбат ва диёри танҳои!..

Суннӣ нюз

Маълумот
Шӯъба: Сомона
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 506
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 16:01
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 2
Меҳмонҳо: 2
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024