ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Муҳокимаи гурӯҳи бузурги аъзои "Ҷамоати таблиғ"



Панҷ нафар аз аъзои ''Ҷамоати таблиғ'' дар моҳи август ба зиндон фиристода шуда буданд.

Муҳокимаи додгоҳии 56 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми узвият дар созмони Ҷамоаи таблиғ боздошт шудаанд, дар боздоштгоҳи муваққати рақами аввали шаҳри Душанбе идома дорад.

Шералӣ Шарипов, сухангӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи ин 56 нафар ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд:
«Аз рӯи моддаи 307 тавзеҳи 3 қисми 1 ва 2 – Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон - созмони фаъолияти ифтротагоӣ - экстремистӣ. Аммо то анҷоми мурофиа ҳанӯз гуфтан мумкин нест, ки ҳамаи онҳо гунаҳкор ҳастанд»

Оқои Шарипов аз посух ба ин суол ки «чаро мурофиа на дар додгоҳ, балки дар боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад?» худдорӣ кард, аммо афзуд, мурофиа паси дарҳои боз сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони афроди таҳти муҳокима бидуни бурдани ном гуфт, дари мурофиа барои пайвандони муттаҳамин баста аст. Вай афзуд, онҳо боздошт ва муҳокимаи наздиконашонро беасос медонанд:
«Ҳеҷ кадоме аз онҳо ба фаъолияти террористӣ ё ягон тахрибкории дигар даст назадааст. Ҳарфи Худоро мегуфтанд ба хурду калон. Одамонро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд. Қабул мекарданд, хуб, намекарданд, чизе намегуфтанд ба мардум»

Боздошти аъзои Ҷамоаи таблиғ бори аввал моҳи апрели соли равон дар масҷиди Умари Форуқи шаҳри Душанбе сурат гирифт. Мақомот теъдоди боздоштшудагонро 124 нафар арзёбӣ карданд. Баъдтар мақомот эълом доштанд, ки танҳо алайҳи 4 нафари онҳо бо иттиҳоми узвият дар ҲИУ парвандаи ҷиноӣ боз ва бақияро раҳо карданд.

Дар пайи ин боздошт мақомоти вилояти Хатлон аз боздошти як гурӯҳи дигари Ҷамоаи таблиғ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Бохтару Барҷувони ин вилоят иттилоъ доданд.

Моҳи сентябри соли равон 5 узви ин созмон бо ҷурми даст доштан дар фаъолиятҳои ифротгароӣ аз 3 то 6 солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Аммо мо натавонистем, аз ягон манбаъ иттилоъи дақиқе пайдо кунем, ки оё 56 нафар аъзои Ҷамоаи таблиғ киҳоянд, кай ва дар куҷо боздошт шудаанд ва чаро ба чунин сурати гурӯҳӣ ва бо чунин шумори бузург ба додгоҳ эҳзор шудаанд?

Мақомоти Тоҷикистон Ҷамоаи таблиғро, ки реша дар Покистону Ҳиндустон дорад, ҳамрангу ҳамсанги Ҳизбуттаҳрир арзёбӣ мекунанд. Аммо иддае аз коршиносон боздошт ва муҳокимаи аъзои Ҷамоаи таблиғро, ки ба гуфтаи онон, бо тарғиби мусолиматомези дини ислом дар Тоҷикистон машғул буданд, салоҳи кор намеҳисобанд.

Саидаҳмад Қаландаров, коршинос дар умури дин мегӯяд, ин шеваи бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динӣ ба амнияти кишвар таъсири хуб нахоҳад дошт:
«Дар ҳамин вазъе, ки бӯҳрони иқтисодист, вазъи молии мардум хуб нест ва дар пеш интихоботи парлумонӣ ва дигар нуктаҳои ҳассоси сиёсӣ ҳаст, ба назари ман, фазои мусолиматомезро хушунатбор кардан бемавқеъ аст. Ҳар касе, ки боздошт мешавад, хешу табор дорад, ҳамфикру хайрхоҳ дорад. Ин бархӯрд онҳоро метавонад норозӣ кунад»

Бархе коршиносон мегӯянд, аъзои Ҷамоаи таблиғ бо тарғиби ақоиди мазҳаби ҳанафӣ машғул буданд, ки ҳукумати Тоҷикистон имсол 1310 – солагии асосгузори он – Имоми Аъзам Абӯҳанифаро бо шукӯҳу тантана таҷлил кард. Аммо иддаи дигар аз коршиносон мегӯянд, ин созмонҳои омада ҳастанд, ки рисолати хос ва болотар аз таблиғро доранд, бахусус дар кишваре, ки беш аз ҳазор сол ба ин сӯ суннатҳои динии худро дорад.

Фарҳоди Милод

Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 570
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 21:43
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2025