Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 319



Теги

Дӯстон






Нажодпарастӣ аз назари Ислом



Дини мубини Ислом як дини оламгирест, ки пайравони худро  ҳамеша ба тарафи тамаддун, тараққиёт ва кӯшишу наҷот роҳнамоӣ мекунад. Ин  динест, ки тамоми абъоди зиндагии башариятро мавриди омӯзиш қарор дода, чизеро насиби башарият қарор медиҳад, ки бахшҳои моддӣ ва маънавии башарият ба он ниёз дорад.

Дар дини мубини Ислом нажодпарастӣ ҳамчун як омили номатлуб муайян шуда, меъёри фазилату бартарӣ танҳо ва танҳо тақво қарор дода шуда аст.

Худованд дар Қуръони азим дар сураи «Ҳуҷурот» ояти 13-ум  мефармояд: « эй инсонҳо, ман шуморо аз як зан ва мард офаридаам ва шуморо ба миллатҳо ва қабилаҳо тақсим кардаам, ба хотири таоруфи ( ошноӣ ба) якдигар. Воқеан беҳтарини шумо ботақвотарини шумост ва ба таҳқиқ Худованд доно ва бохабар бар ҳама чиз аст».

Аз ояти мубораки дар боло зикршуда равшану возеҳ мегардад, ки хилқати инсон, аз якҷо шудани зан ва мард ба вуҷуд меояд ва Худованд моро ба миллатҳо ва қабилаҳо тақсимбандӣ кардааст, то  бо якдигар ошноӣ пайдо кунем. Пас инсоният ранг, нажод, қабила, забон, насаб ва ғайраро бояд дур аз назар дошта бошад. Зеро  дар назар гирифтани нуктаҳое, ки ёдовар шудем дар назди Худованд ҳеҷ арзише надоранд ва ягона чизе, ки барои Худованди бузург пурарзиш асту инсонро ба холиқаш мепайвандад, тақвост.

Дар ҷомеаи инсонӣ тақво як ғизои рӯҳониест, ки инсонро дар ҷомеа бартарии дунявӣ ва ухравӣ бахшида, инсонро ҳумоюн ва саодатманд мегардонад.

Расули Худо -Муҳаммад(с), ҳам меъёри бартарӣ ва беҳтариро тақво қаламдод кардааст. Аз Абӯҳурайра(р) ривоят аст, ки Расули Худо(с)-ро пурсиданд, ки кадоме аз инсонҳо беҳтар ва бузургтар аст? Расули Худо(с) гуфт : «беҳтарини шумо назди Аллоҳ ботақвотарин (парҳезгортарин)-и шумост». (Имом Бухорӣ).

Дини муқаддаси Ислом як дини одил ва бо инсофест, ки ҳеҷ аҳамияте ба қавмпарастӣ, забонпарастӣ ва нажодпарастӣ қоил нест ва касе, ки ба ин навъ аъмол даст мезанад мавриди нафрат қарор мегирад.

Паёмбари Худо(с) дар ин маврид чунин мефармояд: «Ба дурустӣ, ки Худо ба сурат ва молҳои шумо нигоҳ намекунад, балки ба дил ва амалҳои шумо нигоҳ мекунад» (Ибни Моҷа).

Дар ривояти дигаре Расули Худо(с) иршод мефармояд, ки меъёри бартарӣ ва фазилат фақат ва фақат тақво мебошад, чунон ки мефармояд: «Мусулмонон бародаранд, ҳеҷ касе бар болои касе бартарӣ надорад, магар бо тақво» (Табаронӣ).

Ҷомеаи инсонӣ аз нуқтаи назари Ислом ба ду гурӯҳ тақсим мешавад, ки яке қишри бо тақво ва дигаре бошад қишри бе тақво.

Қишри бо тақво иборат аз касоне ҳастанд, ки тамоми усул ва асосҳои исломӣ барояш қобили қабул бошад ва ҳамчунин пайғомотеро, ки Аллоҳ таборак ва таоло фиристодааст машъали роҳи зиндагии худ қарор диҳад.

Худи тақво чӣ маъно дорад? Тақво ба маънои «виқоя» ё «монеа» қарор додан байни худ ва азобҳои илоҳӣ мебошад, ё ба ибораи дигар замоне, ки аз Амиралмӯъминин Умар(р) дар мавриди тақво суол карданд, ки тақво чист? Ҳазрати Умар (р) аз суолкунанда пурсид: «оё аз биёбоне гузар кардаӣ»? Он мард гуфт: «бале». Умар(р) гуфт: «дар он биёбон гиёҳҳои хордор ва буттаҳои хордор мавҷуд буд»? Гуфт: «бале». Умар(р) гуфт: «пас вақте мехоҳӣ аз ин биёбоне, ки дорои гиёҳҳои хордор аст, гузар кунӣ чӣ бояд кард»? Он мард дар ҷавоб гуфт:  «бо эҳтиёт ва муроқабат худро хуб ҷамъу гир карда, либосҳоямро низ ҳифз мекунам, то  ҳеҷ хоре на ба худам ва на ба либосҳоям зарар накунад, яъне бо эҳтиёти комил аз чунин биёбонҳо гузар мекунам». Пас ҳазрати Умар(р) гуфт: «тақво низ ҳамин аст, яъне дар дунё инсон бояд тавре зиндагонӣ кунад, ки ҳеҷ хоре аз хорҳои гуноҳ бар домани инсон начаспад ва домани инсон олуда ба гуноҳе нашавад».Ҳамин гуна агар инсон дар дунё бо эҳтиёти комил зиндагӣ кунад ва дар зиндагӣ беаҳамият ва бепарво набошад ин амали инсонро тақво гӯянд, ё ба ибораи дигар «Худовндро дар тамоми саҳнаҳо ва лаҳзаҳои зиндагӣ бо худ доштан ва аз ӯ дар ғафлат намондан тақвост».

Қишри дуввум иборат аз қишри бидуни тақвост, ки эшон зидди ақоид ва усули исломӣ ҳаракат мекунанд ва аз пайғомоти фиристодаи Аллоҳ саркашӣ мекунанд.

Пас тақво меъёри бартарӣ ва гарави тараққии иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии инсон дар ҷомеа буда, ҳамчунин монеаҳоеро, ки садди роҳи ин пешравиҳо мешаванд бартараф менамояд. Зеро Худованди бузург    дар сураи «Аъроф» чунин фармудааст: «Ва агар аҳолии қаряҳо имон ба Аллоҳ меоварданд ва тақворо пеша мекарданд, ҳаройина мо дарвозаҳои раҳмат ва баракоти осмону заминро барои эшон боз мекрдем, валекин эшон оёти Моро дурӯғ пиндоштанд, пас мо низ эшонро ба сабаби аъмолашон гирифтори азоб кардем».

Дар охир ҳаминро қайд карданиам, ки дар дини мубини Ислом ҳеҷгуна нажодпарастӣ ва миллатгароию маҳалчигӣ нест. Балки  меъёри бартарию фазилат дар Ислом танҳо ва танҳо тақво таъйин шудааст. Пас биёед ҳамдиёрони азиз ба ин меъёри муқаддас чанг бизанем, то саодати дорайнро соҳиб шавем!!!


risolat.tj


Маълумот
Шӯъба: Сомона
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 840
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 00:30
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024