Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Низоми ҷабру истибдод то кай? ... Боз 5 ҷавони бегуноҳ бо тӯҳмат зиндонӣ шуданд



http://www.universalnewswires.com/photos/00000291_lo.jpg

Додгоҳи вилояти Суғд панҷ сокини Исфараро ба иттиҳоми қатли як корманди кумисериёи низомӣ аз 12 то ба 14 сол равонаи зиндон кард.

Ин афрод худро дар ин ҷиноят муҷрим намедонанд ва иддаъо доранд, ки шахси дигаре ин корманди низомиро ба қатл расондааст.

Вале додгоҳ дастур додааст, ки алайҳи афроде, ки ба ҷонибдории ин иддаъо шаҳодат додаанд, парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Муҳокимаи пурсарусадои панҷ сокини шаҳри Исфара ахиран дар додгоҳи вилояти Суғд ба анҷом расид.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи ин афрод, ба Би-би-сӣ гуфт, ки додгоҳ ин афродро на дар қатл, балки дар "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки боъиси марг шуда", муҷрим донистааст.

Ду нафар аз ин афрод барои 12 сол ва се нафари дигар барои 14 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.

Зимнан, додситонӣ ин афродро ба қатли Содиқ Ашӯров, корманди кумисериёи низомӣ, муттаҳам карда ва иддаъо дошт, ки ин афрод хостаанд аз ин роҳ аз хидмати низомӣ сарпечӣ кунанд.

Вале вакили мудофеъи онҳо мегӯяд, ки ин ҷавонон аз хидмати низомӣ муъоф буда ва далоили дигаре низ барои бегуноҳии худ доранд. Ба гуфтаи хонуми Воҳидова, ҳар яке аз ин панҷ фарди мазнун шоҳидоне доранд, ки метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ба ҳангоми қатли Содиқ Ашӯров афроди мазнун ё гумонбаршуда на дар ҷойи ҳодиса, балки дар маҳалли дигаре қарор доштаанд.

Вай гуфт, ки дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ шоҳидон гувоҳӣ додаанд, ки фарди дигаре дар ин ҷурм даст дорад ва шаҳодати онҳо бо ҷузъиёти қатли ин корманди низомӣ мутобиқ будааст.

Вале додгоҳ ин иддаъоҳоро сарфи назар карда ва дар мусаввабаи худ додгоҳ аз додситонии ноҳияи Исфара хостааст, ки алайҳи ин шоҳидон барои "додани баёноти (шаҳодати) бардурӯғ" парвандаи ҷиноӣ боз кунад.

Мавзӯъи муҳокимаи ин афрод дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон вокунишҳоеро ба дунбол дошт. Бархе аз шоҳидони ин парванда эълом карда буданд, ки аз сӯйи афроди мухталиф мавриди фишор қарор гирифтаанд ва ҳатто талошҳое барои рабудани онҳо низ сурат гирифтааст.

Вале ба гуфтаи хонуми Воҳидова, додгоҳ ин ҳама далоилро сарфи назар кардааст. Вай гуфт, ки қозии парванда иддаъо дорад, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда афроди мазнун ба иртикоби ин ҷурм иқрор кардаанд.

Хонуми Воҳидова гуфт: "Эътирофоти онҳо бо шиканҷа ба даст омдааст. Вақте онҳоро ба назди судяи (қозии) додгоҳи ноҳияи Исфара мебаранд, онҳо либоси худро аз тан кашида ва нишон медиҳанд, ки онҳоро лату кӯб кардаанд. Тавассути нерӯи барқ онҳоро азият доданд. Вале судя аз ин сарфи назар карда ва дастури боздошти онҳоро содир мекунад."

Вакили мудофеъи ин афрод хабар дод, ки қасд дорад ба додгоҳи истинофӣ шикоят кунад. Вале ба гуфтаи вай, дар ин замина низ қозии парванда мавонеъ эҷод кардааст.

Вай гуфт: "Тибқи қавонини Тоҷикистон, вакилони мудофеъ ҳақ доранд баъд аз эъломи ҳукм нусхаи матни онро дарёфт карда ва ба додгоҳи истинофӣ шикояти худро таҳия кунанд. Вале қозии парванда намехоҳад ба мо нусхаи матни ин ҳукмро ироа кунад."

Ба эътиқоди хонуми Воҳидова, додгоҳ талош дорад ба ин тартиб аз бурдани шикоят монеъ шавад, зеро қавонини кишвар барои ин амр даҳ рӯз муқаррар кардааст.


bbc


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 581
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 00:39
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024