Ҳафтаномаи "Тоҷикистон”
дар матлабе бо номи "Ҳоҷиёнро ғорат мекунанд” савол мегузорад, ки чаро
ҳамасола дар мавсими зиёрат аз Маккаву Мадина, зойирони тоҷик аз
муқаррароти муайъяншуда бештар маблағ масраф мекунанд.
Нависандаи матлаб
бо чанде аз зойирони тоҷик, қабл аз сафарашон суҳбат карда ва гуфтааст,
ки аксари ин зойирон изҳор кардаанд, ки барои дар феҳристи зоҳирон боқи
монданашон афродеро "миёнарав” мекунанд ва сармояеро низ барои онҳо
пардохт мекунанд.
Аммо онҳо миқдори маблағ ва ҳуввияти ин афродро ба нависандаи матлаб ошкор накардаанд.
Ҳамчунин
бархе аз зойирон аз он шикоят кардаанд, ки ҳангоми номнавис шуданашон,
масъулон онҳоро маҷбур мекунанд, ки ба бархе аз нашрияҳо обуна шаванд.
bbc