|
|
САФАРИ ЗОИРИН БА ҲАҶ
|
|
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар»,
Фарангис Раҳимова).- 8 ноябр гурӯҳи якуми хоҷиён, ки беш аз 300 нафар
буданд, ҷиҳати хонаи Каъба кардан ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Имсол барои ҳаҷ кардан беш аз 5200 нафар шаҳрвандон
номнавис шудаанд. Дар рафти сафар онҳоро 10 нафар духтур, гурӯҳи корӣ,
ки аз 21 нафар иборат аст ва 114 раҳбалад ҳамроҳӣ мекунанд. Барои ҳар
як гурӯҳе, ки аз 45 нафар иборат аст як роҳбалад рост меояд. Гурӯҳи навбатии зоирон, ки беш аз 300 нафаранд шоми 9 ноябр ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 531
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:48 |
|
|
|
|
|
|
|
Онлайн всего: 1 Меҳмонҳо: 1 Пользователей: 0
| |
|
|