Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






"Шаш кушта" дар дувумин тазоҳуроти зидди сӯзонидани Қурон аз сӯи НОТУ дар Афғонистон



http://wscdn.bbc.co.uk/worldservice/assets/images/2012/02/22/120222091314_kabul_protest_304x171_reuters.jpg

Дастикам шаш нафар дар асари хушунатҳои ношӣ аз тазоҳуроти зидди НОТУ дар Афғонистон кушта ва ҳудуди сӣ тани дигар захмӣ шудаанд.

Ин тазоҳурот дар эътироз ба беҳурматӣ ба Қуръон дар пойгоҳи низомии Багром сурат гирифтааст.

Даҳҳо нафар дар шарқи Кобул бо сӯзондани тойрҳои (шинаҳои) куҳна ва сар додани шиъорҳои зидди омрикоӣ тазоҳурот кардаанд, дар ҳоле, ки тазоҳуроти мушобеҳе низ дар шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон гузориш шудааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ҷумлаи қурбониёни ин тазоҳурот як нафар дар Кобул, як нафар дар Ҷалолобод, як нафар дар Лугар ва се тани дигар дар Парвон кушта шудаанд.

Оқои Сиддиқӣ гуфт, ки ҳудуди сӣ нафари дигар низ дар ин манотиқ захмӣ шудаанд, ки аз ин ҷумла се нафари онҳо маъмурони пулис ҳастанд.

Авоили рӯзи гузашта, сешанбе, 21 феврал, гузоришҳое мунташир шуд, ки ҳокӣ аз сӯзондани китобҳои мазҳабӣ, аз ҷумла нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи низомии Багром буд.

Садҳо нафар бо шунидани ин хабар дар беруни пойгоҳи низомии Багром даст ба тазоҳурот заданд ва ба тарафи пойгоҳ санг партоб карданд.

Шуморе аз тазоҳуркунандагон нусхаҳои нимасӯхтаи Қуръонро ба хабарнигорон нишон доданд, ки зоҳиран аз сӯйи нерӯҳои НОТУ дар пойгоҳи Багром оташ гирифта буд.

Мақомоти НОТУ аммо гуфтаанд, ки ҳанӯз наметавонанд гузориши сӯзондани Қуръонро таъйид кунанд, аммо берун андохтани бархе аз китобҳои мазҳабӣ, аз ҷумла Қуръон, аз дохили пойгоҳи Багром таъйид шудааст.

Зоҳиран ин китобҳо миёни авроқу китобҳои ғайризарурӣ аз пойгоҳи Багром берун андохта шуда буд, аммо коргарони афғон, ки ин маводдро ба берун интиқол медоданд, мутаваҷҷеҳи мавҷудияти нусхаҳои Қуръон дар миёни он шуданд.

"Шиъорҳои толибонӣ"

Дуввумин рӯзи тазоҳурот дар Афғонистон бо хушунатҳои бештаре ҳамроҳ буд, ки дар он тазоҳуркунандагон ба тарафи нерӯҳои амниятии зиддишуриш санг партоб кардаанд.

Нерӯҳои амниятӣ барои мутафарриқ кардани тазоҳуркунандагони хашмгин дар ҳаво шиллик кардаанд.

Тазоҳуркунандагон дар Кобул

Тазоҳуркунандагон дар Кобул дар дувумин рӯз даст ба хушунат задаанд

Хабарнигорон мегӯянд шуморе аз тазоҳуркунандагон дар Кобул шиъорҳое дар ҳимоят аз гурӯҳи Толибон сар медоданд.

Хабарнигори Би-би-сӣ аз маҳалли тазоҳурот дар Кобул мегӯяд ин афрод ба ҳадди ақал ду худрави марбут ба НОТУ ва Созмони Милали Муттаҳид дар канори хиёбоне дар шарқи Кобул ҳамла кардаанд.

Ин афрод ҳамчунин роҳи аслии шаҳри Кобулро ба шарқи ин шаҳр масдуд карданд.

Эътирози маҷлиси намояндагони Афғонистон

Ҳамзамон бо ин, эътирозҳои густардае дар робита ба "беҳурматӣ" ба Қуръон дар маҷлиси намояндагони Афғонистон низ сурат гирифтааст.

Ин маҷлис нишасти кории худ дар мавриди баррасии масрафи будҷеи соли гузаштаро таътил карда ва ба баррасии ҳодисаи рӯзи гузашта дар пойгоҳи низомии Багром пардохтааст.

Дар қатъномае, ки маҷлиси намояндагон мунташир карда, омадааст, ки омилони "беҳурматӣ" ба Қуръон бояд шиносоӣ ва муҷозот шаванд.

Дар ҳамин ҳол Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳайатеро ташкил дода то дар мавриди асли ҳодиса дар пойгоҳи низомии Багром таҳқиқ карда ва натоиҷи кори худро ба раёсати ҷумҳурӣ ироа диҳад.

"Иштибоҳ"

Вазири дифоъи Омрико ва ҳамчунин фармондеҳи умумии нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон нисбат ба беҳурматӣ ба Қуръон аз афғонҳо узрхоҳӣ кардаанд.

Фармондеҳи НОТУ рӯзи гузашта гуфт, ки ҳодиса ба ҳеч ваҷҳ амдӣ набудааст, аммо таъкид кард, ки барои ҳақиқатёбии ин масъала таҳқиқ мекунанд.

Тазоҳуркуандагон

Тазоҳуркуандагон шиъорҳои зиддиомрикоӣ сар додаанд

Корстен Ҷакубсун, сухангӯи НОТУ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин як иштибоҳ буда, ки аз суи сарбозони омрикоӣ сар задааст.

Ӯ гуфт: "Коргарони маҳаллӣ навъияти маводеро, ки (дар Багром) берун андохта шуда буд, шиносоӣ карда ва аз бадтар шудани вазъият ҷилавгирӣ карданд."

"Ин як иштибоҳ буд ва мо дар ҳоли ҳозир саргарми таҳқиқ дар мавридаш ҳастем, ки чи гуна иттифоқ уфтод."

Афғонҳо дар баробари ҳар гуна гузорише дар мавриди иҳонат ба муқаддасоти мазҳабӣ, ба вижа замоне ки аз сӯйи хориҷиҳо сурат гирифта бошад, ҳассос ҳастанд.

Соли гузашта ҳадди ақал даҳ нафар кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар тазоҳуроти хушунатомезе дар Мазори Шариф, дар шимоли Афғонистон, кушта шуданд ва даҳҳо нафари дигар низ захм бардоштанд.

Ин тазоҳурот дар эътироз ба тасмими як кашиши омрикоӣ сурат гирифт, ки мехост нусхаҳои Қуръонро дар Флуридо оташ бизанад.


bbc


Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 370
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:18
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024