- Имрӯз ҳукми ниҳоии судшаванда Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси
Шӯрои уламои кишвар бо даъвои Тӯраҷонзодаҳо дар Суди ноҳияи Исмоили
Сомонӣ қироат шуд. Билохира Абдулқодирзода дар ин баҳси судии як моҳа,
сафед шуд. Айбдоркунанда Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода гуфт: "Гуё, ки
ҳеҷ гуна калимоти таҳқиру ҳақорат ба унвони оилаи Тӯраҷонзодаҳо гуфта
нашудааст. Ягон азъои Шӯрои уламо ҳам инро нагуфтаанд. Пас қариб 40
лафзи таҳқиромезе, ки дар ҳаққи мо сурат гирифт ва он аз даҳони кӣ
баромадааст, мутаасифона ба инаш ҷавоб наёфтем. Акнун эшони муфтиро ба
Худо месупорем".
Дар мавриди шикояти
баъдии Тӯраҷонзодаҳо аз болои муфти ба зинаҳои болоии суд ӯ илова намуд,
ки барои судҳои аврупоӣ баромадан, чанд марҳилаи дохили Тоҷикистонро
гузаштан лозим будааст. "Акнун намеарзад ва сабр мекунем. Агар
дар ҳаққи мо зулм кардан нияти бад доштанд, Худо ҷазошон медиҳад. Агар
нофаҳмида ягонтоашон маҷбур карда бошад, Худо аҷрашон диҳад" -гуфт, Тӯраҷонзода.
Аммо
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи айбдоркунандаҳо гуфт, минбаъ ин ҳукми
суд ба он замина мегузорад, ки судшавандаҳо пурра аз ҷавобгарӣ озод
шаванд. Яъне нафаре, ки 40 маротиба дар ҳаққи зерҳимояаш тӯҳмат зада
буд, дар охир сафед шуд. Ӯ гуфт: -"Ояндаи наздик, шикоятҳоро навишта пешниҳод мекунем ва то зинаҳои болоии суд муроҷиат мекунем".
Қиёми НУР
"TojNews"