Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 319



Теги

Дӯстон






Таҳсили ҷавонон дар хориҷаро танзим мекунанд




Мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ният дорад, ки раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мадориси динии хориҷиро танзим кунанд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки ба гуфтаи Идибек Зиёев, сардори раёсати умури дин дар Вазорати фарҳанг, бештар аз навад дарсади ҷавонони тоҷик ба мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ аз тариқи хусусӣ роҳ меёбанд. Оқои Зиёев ҳамчунин афзуд, бархе аз ин ҷавонон баробари бозгашт ба ватан дар пайи ташвиқу тарғиби ақоиди ҷараёни ғайр ё ифротагроӣ мешаванд, ки боиси нигаронӣ будааст.

Идибек Зиёев, яке аз сабабҳои сафари ғайрирасмии ҷавонони тоҷик ва таҳсили онҳо дар мадориси динии мамолики исломиро дар сатҳи расмӣ набуди қарордоди ҳамкорӣ бо ин кишварҳо медонад. Ба гуфтаи оқои Зиёев, то имрӯз Вазорати фарҳанг барои омода кардани мутахассисони дунявӣ бо кишварҳои мухталиф шартнома дорад, вале дар самти тайёр кардани мутахассисони динӣ кадом қарордоде имзо нашудааст. Ба ҷуз аз шартнома бо донишгоҳи Ал-Азҳари Миср,ки он низ то соли 2004 амалӣ мешуд.

Бештар аз 90 дарсади ҷавонони тоҷик ба мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ аз тариқи хусусӣ роҳ меёбанд ...
Дар ин зимн Собир, яке аз хатмкардаҳои риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи байнулималии Эрон, бар ин аст, ки Вазорати фарҳанг бояд кайҳо иқдоми ба танзим даровардани сафари ғайрирасмии ҷавонони тоҷикро дар мадориси исломӣ рӯи даст мегирифт. Ба ақидаи Собир, дар воқеъ афзоиш ва аз назорат дур мондани таҳсили ҷавонон дар мадориси динии кишварҳои хориҷ боиси густариши ақоиди мухталифи мазҳабӣ ва эҷоди шикофӣ фикрӣ мегардад.

Аммо Амрулло, ҷавони фориғултаҳсили яке аз донишгоҳҳои Покистон, нигарониҳо аз афзоиши ғайрирасмии муҳассилини мадориси динии хориҷи кишварро бепоя хонд ва гуфт, дар ҳоле, ки дар мадрсаҳои динии Тоҷикистон низоми таълими динӣ заиф аст ва он бо ҷузиёташ омӯзонида намешавад, барои тақвияти дини мубини ислом маҳз хатмкардаҳои донишгоҳҳои маъруфи динии кишварҳои исломӣ метавонанд кӯмак кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон дар солҳои наздик ба низом даровардани раванди сафар ва таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишварро номумкин медонанд. Ба назари онҳо, беҳтар аст, барои ҷилвагирӣ аз афкори ифротии ҷавонон ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои тундгароӣ бояд ҳанӯз аз синни мактабӣ ақидаи мазҳабии онҳоро устувор кард.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон низ ба дунболи даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба бузургдошти имоми Аъзам барои ҷилавгирӣ аз гироиши наврасон ба созмонҳои мухталифи мазҳабӣ имсол фанни «Маърифати ислом»-ро дар макотиби миёна роҳ андохт. Аммо таҳлилагорон мегӯянд, ки тадриси ин фан аз ҷониби устодони ноогоҳ метавонад кӯшиши мақомоти Вазорати маориф ва муваффақияти тадриси маърифати исломро бенатиҷа гардонад.

Шаҳлои Гулхоҷа

Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 499
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 13:35
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024