Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






Ту бидуни Ислом сифр ҳастӣ



http://aranykarika.honlapepito.hu/tarhely/aranykarika/kepek/muslim_kids01.jpg
Аз хусусиёт ва вижагиҳои як мусалмон инаст, ки ба дини бартар, бузург ва муқаддаси Ислом, ифтихор намояд ва ҳазорҳо маротиб шукронаи ин неъмати бемисоли Илоҳиро адо намояд, ки вайро холиқи коинот, Парвадигори ду ҷаҳон, мусалмон халқ намудааст. Мусалмоне, ки аз фитрати хеш бехабар буда ва таваҷҷуҳ ба ҳувияти аслияш накунад ва ба исломияти худ наболад, дар қалби вай шакку тардид буда ва қиллати яқин бар вай мусаллат мегардад.

Аллоҳи мутаъол дар каломи муборакаш хитоб ба Паёмбар (с) мефармояд:

 ))وانه لذکرلک ولقومک وسوف تسئلون )) سوره زخرف ﺁیه (44) .

Тарҷума: (Ва Қуръон мояи бедории ту ва қавми туст ва аз шумо (дар бораи ин барномаи илоҳӣ) пурсида хоҳед шуд).

Яъне, эй Расули баргузидаи Аллоҳи зулҷалол, Исломи азиз, боиси шарафу иззати ту ва қавми туст ва ҳамчунон уруҷу виқор ба пайравони туст, то ба рӯзи қиёмат... .

Пас бидуни шак бар ҳар мусамлон воҷиб аст, ки ҳаёташро зиндагии қуръонӣ бисозад ва ба он ифтихор намояд, барои ин, ки ба ин василаи вай дар миёни умматҳо аз уммати бартари исломӣ ва қуръонӣ, маҳсуб гардидааст.

Чуноне, ки шоири арабзабон гуфта, ки таҷумаи он инаст:

-Мужда, башорат ва хушо ба ҳоли уммати бартари Ислом, ки аз ҷониби холиқи лоязол мавриди инояти бешуморе қарор гирифта ва аз он ҷумла ба василаи дуо акрами Паёмбарон, ҳазрати Муҳаммад (с) беҳтарин уммат қарор дода шудааст.

Ҳамчуно Аллоҳи бениёз мефармояд:

((ولاتهنوا ولا تحزنوا وأنتم اﻷعلون ﺇن کنتم مومنین ))  سوره آل عمران آیه ( 139 ) .

Тарҷума: (Аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳи мутаъол ба сабаби он чӣ бар саратон меояд, суст ва забун нашавед, ва  (барои куштагонатон) ғамгин ва афсурда нагардед ва шумо (бо таъйидоти Илоҳӣ ва қувваи имони ростин ва нерӯи ҳаққе, ки аз он дифоъ мекунед), бартар (аз дигарон) ҳастед, (ва пирӯзӣ ва беҳбудӣ аз они шумост) агар ба ростӣ мӯмин бошед (ва бар имон давом дошта бошед).

Яъне шумо дар ҳар ҳолат бартар ҳастед, бартар аз нигоҳи санад ва далел,  бартар аз нигоҳи мабодӣ, бартар аз нигоҳи манҳаҷ ва равиш...

Лизо ба сароҳат ва ифтихорона баён дошт, ки асос ва таҳкурсии мо, асоси аслист, бо таваҷҷуҳ ба ҳақоиқи офтобгунаи Исломи азиз дар ҳоле, ки бидуни шак Қуръони мо Қуръони бо азамат ва ҷалил  ва санади мо Парвардигори беҳтар ва бартар буда, пас ба таври возеҳ гуфт, чӣ гуна ӯ қавми залилу хор мешавад, ки Аллоҳ санади он бошад ва чӣ гуна залил мешавад он қавме, ки Аллоҳ раб ва мавлои он бошад ва чӣ тавр он қавм залил мешавад, ки пешво ва расули он, Муҳаммад (с), беҳтарин ва афзалтарин Анбиё бошад ва дар ниҳоят чӣ гуна залилу хор мешавад он уммате, ки дини онҳо, дини муқаддаси Ислом бошад.

Аз ҳамин сабаб, бар мо лозим аст, ки ба Исломи азизи хеш , ифтихор намоем ва ба иззату сарбаландӣ, шарафу бузургии он, эҳсос кунем, рӯзе, ки Аллоҳи мутаъол моро мусалмон халқ кардааст.

Ҳар ойина, Аллоҳи мутаъол дар китоби муқаддасаш, Қуръони маҷид, муваффақ касонеро, ки гумон намуданд, ин, ки мабда ва асоси шараф ва бузургию авлавият дар дунё ва ниҳоятан касби саъодати ҳамешагӣ, таҳсил ва ҷамъ намудани амвол ва амлоки дунёст, ба сароҳат рад фармудааст, яъне мефармояд:

((وقالوا لولا نزﱠل هذا القرآن علی رجل من القریتین عظیم , أهم یقسمون رحمت ربک نحن قسمنا بینهم معیشتهم فی الحیاة الدنیا ورفعنا بعضهم فوق بعض درجات لیتخذ بعضهم بعضا سخریا ورحمت ربک خیر مما یجمعون)) سوره زخرف آیه (31 ).

Тарҷума: (Чаро ин Қуръон бар марди бузургворе аз яке аз ду шаҳр (Макка ва Тоиф), фуру фиристода нашудааст?, оё онон раҳмати Парвардигори туро тақсим мекунанд (ва калиди рисолатро ба ҳар кас, ки бихоҳанд, месупоранд). Ин моем, ки маъишати ононро дар зиндагии дунё дар миёнашон тақсим кардаем ва бархеро бар бархи дигаре бартариҳое додаем, то баъзе аз онон баъзе дигареро ба кор гиранд (ва ба якдигар  хидмат кунанд). Ва раҳмати Парвардигорат аз тамоми он чӣ ҷамоварӣ мекуанд, беҳтар аст, (ки Нубуват аст ва Нубуват аз ҳамаи мақомот бартар аст).

Пас шарафу бузургӣ ба имконоти моддӣ, монанди қасрҳо, амвол, қудрат ва насаб нест, балки шарофату бузургии инсон дар инаст, ки бандаи хоси Парвардигори замину осмонҳо бошад ва ҳамчунон бартарӣ ва бузургӣ дар инаст, ки аз авлиё ва дӯстони Худованди мутаъол бошад, яъне касоне, ки аъмоли солеҳа анҷом доданд ва аз муҳаррамот иҷтиноб варзидаанд ва солеҳину накукоронро, дӯст медоранд.

Ва ҳамчунон аз ҷумлаи авсофи инсони мусалмони бошарафу боиззат дар назди Парвардигори мутаъол, ин буда, замоне, ки шахс муттақӣ, парҳезгор ва худотарсро мебинад, эҳсоси хушӣ мекунад, қалбаш пур аз муҳаббат мешавад ва вайро дӯст медорад, яъне аломоти ризоят ва хушнӯдӣ бар ҳолоти вай зоҳир мегардад.

Вале замоне, ки бо кофир ва инсонҳои бадбахт, носипос ва дорандагони амалҳои бад, рубарӯ мешавад, ва агар чӣ он шахс дар зоҳир зебо ва фиребанда бошад, барои ин, ки нишонаҳои нофармонии Худованд дар вуҷуди ӯ мушоҳида мегардад, шадидан нороҳат мешавад, ҳолати қаҳр, ғусса, ғамгин ва норизоятӣ бар он ҳукмфармо мешавад.

Тавре, ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

{وَإِذَا رَأَيْتَهُمْ تُعْجِبُكَ أَجْسَامُهُمْ وَإِن يَقُولُوا تَسْمَعْ لِقَوْلِهِمْ كَأَنَّهُمْ خُشُبٌ مُّسَنَّدَةٌ} سوره منافقون آیه ( 4 ) .

Тарҷума: (Ҳангоме, ки эшонро мебинӣ, пайкару симояшон туро мегирад ва ба шигифт меоварад (ва ба худ мегӯӣ: чӣ инсонҳои бовиқор ва барозандаҳое) ва ҳангоме, ки  ба сухан мепардозанд, (ба иллати ҳаловати каломашон) ба суханонашон гуш фаро медиҳӣ, (бовуҷуди ин ҷазбаи симо ва гироии гуфтор) онон монанди чӯбҳое ҳастанд, ки (бар девор) такя дода шуда бошанд, (беҷону беимон, ҳайкалҳи дарунхолӣ, дарунҳои бенуру сафо, нақшҳои бар дару деворҳо).

Пас андомҳои баландқомат ва шаклҳои дар назар фиребанда, дар ҳоле, ки қалбҳо мамлу аз кудурат ва нофармонӣ ва носипосии Худованди мутаъол пур бошад, дар ҳақиқат бидун шак инсонро ба сӯи табоҳии абадӣ мекашонад, яъне қалбҳои афроди гумроҳро бо ҷолибияти зоҳирӣ сохтагӣ набояд моро таҳти таъсир қарор диҳад ва ба ин гуна ашхос эътимод намуд, балки аз касоне пайравӣ вамутобиат кард, ки дар тақво ва парҳезгорӣ, мисол ва дар дин муқаддаси Ислом, улгӯ ва  намуна бошанд, монанди асҳоби Паёмбар (с) ва соири бузургони салафи солеҳ, ки аз дунё минҳайси василаи маъқул ва расидан ба ҳадафи поки охират, истифода намуданд, камӣ ва зиёдати онро дар ҳаёти тайибаашон баршумурданд, аммо эшон таҳти таъсири он қарор нагирифтанд, ба хотири касби ризои Парвардигори ҷалла ҷалолуҳу ва Паёмбараш (с), ҳеҷ чизе монеъи онҳо нашуд ва чунон чӣ бархи аъзами онҳо дар садри Ислом ба андак таъоме, яъне нони ҷавини хушк, ё хурмо бо об, зиндагиашонро сипарӣ менамуданд. Дар роҳҳо ва фазои бечатр, шабҳои торро субҳ мекарданд, яъне бидуни искон мехобиданд, ки ҳаёти риққатбори Асҳоби бузургвор дар гирду атрофи Масҷиди Набавӣ (с) далолат бар ин дорад ва локин бояд возеҳ кард, ки Аллоҳи меҳрубон ба қиёфаи зоҳирии сиёҳӣ ва сафедии  эшон надида, балки ба қалбҳои мамлу аз муҳаббати эшон, ки нисбат ба Аллоҳи ҷалла ҷалолуҳу ва Расули муборакаш, доштанд, назар афканд ва ба Исломи азиз ҳидояташон намуд, ки дар ниҳоят ба воқеъияти ҳар як азон ҷаноби олиашон муқтадои ҳидоятёфтагони башарият, қарор гиританд.

Биноан бо таваҷҷуҳ ба  ибороти фавқ, чунин паём мегирем, ки эй инсон! ту бидуни Ислом, сифр ҳастӣ.

Дуктур Ойиз Қаранӣ
 "
Суннӣ нюз"


Маълумот
Шӯъба: Сомона
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 691
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:10
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024