Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Қуръонро «Тоҷикистон» минбаъд 16-саҳифагӣ чоп мекунад




Ҳафтавори «Тоҷикистон», ки ба муносибати соли бузургдошти Имоми Аъзам тасмим гирифтааст, тарҷумаи тоҷикии Қуръонро дастраси хонандагон гардонад, иқдом гирифт, ки минбаъд дар ҳар шумора 16 саҳифа каломи муқаддасро нашр намояд. Ногуфта намонад, ки саҳифабандӣ ва нашри тарҷумаи Қуръон, ки дар ин рӯзнома нашр мегардад, мутобиқи тарҷумаи арабшинос ва олими тоҷик Муҳаммадҷон Умаров ва сахӣфабандии китоби «Қуръони карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ)» амалӣ мегардад.
Дар шумораи охирони рӯзномаи «Тоҷикистон» аз 22-уми октябр, тарҷумаи тоҷикии саҳифаҳои 468- 499 ҷой дода шудааст. Худи матни китоб аз 608 саҳифа иборат аст. Яъне ба пурра нашр гаштани тарҷумаи тоҷикии Қуръон вақти хело кам боқи мондааст. Агар «Тоҷикистон» бо ҳамин миқдор чопашро идома диҳад пеш аз соли нав матни тамоми Қуръон ба пуррагӣ дастраси мардум хоҳад шуд.
Хабарнигори «Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Маъмури Юсуфзод ба мо изҳор дошт, ки сабаби зиёд нашр кардани Қуръон дар рӯзнома талаботи хонандагон аст. Яъне нашрия таклифу пешниҳодҳои хонандагонашро ба инобат гирифта ба ин иқдом даст задааст.
Воқеан, имрӯзҳо аз мағозаҳои китобфурӯшӣ пайдо кардани тарҷумаи тоҷикии Қуръон (яъне тарҷумаи президентӣ) хеле душвор аст. Аммо талабгорони он зиёданд. Нашрияи «Тоҷикистон» давоми як сол барои ташнагони ин китоб кӯмак расонид ва дар ҳар шуморааш қисм-қисм тарҷумаи тоҷикии Қуръонро дастрас кард.
Барои ин амали некашон аз номи ҳайъати эҷодии сомонаи www.islom-sughd.tj ва аз номи хонандагонамон ба кормандони рӯзномаи «Тоҷикистон» арзи сипос баён намуда, дуо мекунем, ки Худованд ба ҳамаи ходимону қаламкашони нашрия ҷазои хайр диҳад.

Исломи Раҳимиён.

Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 524
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 20:24
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024