Пас аз он ҳама
дарду ранҷҳои тоқатфарсое, ки ба хотири ишқ ба ӯ чашида будам, ором ором дар
биёбони ҳайрат ва саргардонӣ ва дар тепа ва дарраҳои мазлумият ва фироқ ва хиҷрон
қадам мезадам, ногоҳ нигоҳам ба чизе афтод, аз дӯр таваҷҷӯҳамро ба худ ҷалб
мекард. Пеш рафтам, садои оҳу нола ва фиғонаш танамро ларзонд, пештар рафтам
дастонашро ба сӯйи ман дароз кард, гӯё медонист ман кистам?